Беш аз 60 дарсади тиҷорати хориҷии Тоҷикистон бо кишварҳои СҲШ мебошад

Вазорати рушди иқтисоди Тоҷикистон эълон кардааст, ки беш аз 60 дарсади тиҷорати хориҷии ҷумҳурӣ бо кишварҳои СҲШ мебошад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 17 сен — Sputnik. Дилшод Шарифӣ, сардори раёсати робитаҳои иқтисоди хориҷии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар суҳбат бо АМИТ “Ховар” гуфтааст, ки беш аз 60 дарсади гардиши тиҷорати хориҷии Тоҷикистон ба кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шонгҳой марбут аст.
Вай афзуд, ки шарикони тиҷоратию стратегии Тоҷикистон кишварҳои узви созмон, аз ҷумла Русия, Чин, Қазоқистон ва Ӯзбекистон мебошанд.
Инчунин оқои Шарифӣ илова кардааст, ки гардиши тиҷорати хориҷӣ бо кишварҳои узви созмон дар ҳоли рушд аст.
Баррасии дурнамои ҳамкории соҳибкорони Русияву Тоҷикистон дар Гулистон
“Аз ҷумла, соли 2020 гардиши савдои хориҷӣ миёни Тоҷикистону Русия тақрибан 1 млрд. доллар, бо Ҷумҳурии Қазоқистон 909 млн. доллар, бо Ҷумҳурии Мардумии Чин 472 млн долларро ташкил намуд. Ин нишондиҳанда дар 7 моҳи соли 2021 рӯ ба беҳбудӣ оварда, аз ҷумла бо Русия 640 млн. доллар, бо Қазоқистон қариб 644 млн. доллар, бо Чин 452,2 млн. доллар ва бо Ӯзбекистон 243,1 млн долларро ташкил намудааст, ки тамоми нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 афзоиш ёфтааст”, - таъкид доштааст сардори раёсати робитаҳои иқтисоди хориҷии Вазорати рушди иқтисод ва савдо.
Ёдовар мешавем, ки Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой аз ҷониби Чин, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбакистон ва Тоҷикистон таъсис шудааст.