ДУШАНБЕ, 17 сен – Sputnik. Сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шонгҳой ва Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастҷамъӣ дар мавзӯи Афғонистон мулоқоти махсус баргузор намуданд.
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон хостори таҳкими ҳамкорӣ таҳти назари СММ дар мавриди Афғонистон шуд.
Ба гуфтаи раисиҷумҳури Тоҷикистон, аён аст, ки ғасби мусаллаҳонаи қудрат дар Афғонистон наметавонад интизориҳои бархе кишварҳоро дар мавриди барқарор намудани сулҳу оромӣ дар ин кишвар бароварда созад. Ӯ ҳушдор дод, ки дар Афғонистон метавонад даргирии дохилӣ шиддат гираду бархӯрди гурӯҳҳои гуногуни қавмию сиёсӣ ба вуҷуд ояд, ки ба ҷанги шаҳрвандии тӯлонӣ печад.
Эмомалӣ Раҳмон инчунин ҳукумати муваққати "Толибон"- ро интиқод кард, ки интизориҳо дар мавриди ҳамашумул будани онро бароварда накарду бархилофи ваъда асосан аз аъзои "Толибон"* иборат мебошад.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон таъкид намуд, ки танҳо мардуми Афғонистон бояд ояндаи онро муайян созанд.
Дар мулоқот дар ҷиҳати қазияи Афғонистон, ҳамчунин раисҷумҳури Қазоқистон Қосим Ҷомарт Тоқаев, раисҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, нахуствазири Покистон Имрон Хон, президенти Қирғизистон Садир Жапаров, Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко, Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян суханронӣ карданд.
Дафтари раисҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, ҳамчунин сарони давлатҳои Русия Владимир Путин, Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ва Ҳиндустон Нарендра Моди дар мулоқоти сарони кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай ва Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ дар мавзӯи Афғонистон ба таври маҷозӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
* - созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар