ДУШАНБЕ, 17 сен – Sputnik. Ганҷина Нуруллозода, муовини раиси ноҳияи Деваштич, ҳадафи ин иқдомро поси хотири фарзанди шуҷои кишвар номид, ки дар сарҳади давлатӣ корномаи беназир нишон доду ҷон дод.
"Дар даромадгоҳи кӯча тахтасанги ҳаккокишуда бо акси Ҷасур Суярқулов насб карда шуд. Дар маросими номгузории кӯча, роҳбарияи ноҳия, созмони собиқадорони ҷангу меҳнат ва пайвандони Суярқулов иштирок намуданд”, - гуфт Нуруллозода дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.
Маврид ба зикр аст, ки бо фармони раисиҷумҳури Тоҷикистон аз 23-юми июли соли 2021 таҳти рақами 214, Ҷасур Суярқулов барои қаҳрамонӣ дар назди давлату миллат, баъди маргаш бо ордени Спитамен дараҷаи 2 сарфароз гардонида шуд.
Ҷасур Суярқулов яке аз 19 нафари ҳалокшуда дар муноқишаи мусаллаҳонаи рӯзи 29 апрел дар марз бо Қирғизистон мебошад. Ӯ 28 - сола, сокини деҳаи Қалъачаи азими ҷамоати деҳоти Ғазантараки ноҳияи Деваштич буд, ки ҳамчун прапоршик дар қисми марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров кор мекард. Рӯзи 29 апрел дар пайи муноқишаи мусаллаҳонаи марзӣ бо Қирғизистон дар ҷамоати Ворухи Исфара ба ҳалокат расид.
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон 28 апрел дар пайи як баҳс сари дарғоти “Головной” шиддат гирифта, 29 апрел ба даргирии мусаллаҳона миёни низомиёни ду кишвар печид. Бар асоси иттилоияи ҷонибҳои Тоҷикистону Қирғизистон, аз ҳар ду тараф 55 нафар қурбон шуда, даҳҳо нафари дигар захм бардоштаанд.
Қирғизистон аз ҳалокати 36 шаҳрвандаш дар ин даргирӣ хабар дод. Мақомоти Суғд гуфтанд, ки дар ин ҳодиса 19 нафар ҳалок шуда, 87 нафари дигар захм бардоштанд. Ҷонибҳо дар сар задани даргирӣ ҳамдигарро айбдор мекарданд.
Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки аз ин, 520 километр аломатгузорӣ шуда, боқимонда ҳанӯз ҳам номуайян боқӣ мондааст.