ДУШАНБЕ, 16 сен — Sputnik. Ин тасмим дирӯз (чоршанбе, 15 сентябр) таҳти раёсати сарвазири ин гурӯҳ Муҳаммад Ҳасан Охунд дар ҷаласаи кобинаи Толибон* гирифта шудааст, хабар медиҳад, Sputnik Афғонистон дар истинод ба хабаргузории "Бохтар".
Гуфта мешавад, дар ин нишаст дастурҳои зарурӣ дар бораи фиристодани хабарнигорон ба Панҷшер низ дода шуд.
Аъзои кобинаи Толибон* ҳамчунин тасмим гирифтаанд, ки барои ҳифзи ҷони тоҷирон, саррофон ва коршиносону кадрҳои маъруф чораҳо андешанд.
Муҳаммад Ҳасан Охунд ҳамчунин ба сарвазир ва дигар мансабдорони Толибон* дастур додааст, ки ба корҳои расмӣ диққати ҷиддӣ диҳанд.
Панҷшер ягона вилояти Афғонистон аст, ки Толибон* ҳоло онро бу пуррагӣ таҳти идораи худ қарор надодаанд.
Дар ин минтақа нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ҷойгир аст, ки бо ҷангиёни толиб меҷангад.
Ёдовар мешавем, ки дар авоили моҳи август Толибон ҳамла ба нерӯҳои давлатии Афғонистонро тақвият доданд.
15 август онҳо Кобулро бидуни ҷанг гирифтанд.
Пеш аз вуруди ҷангиён ба пойтахт президенти пешини Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ аз кишвар фирор кард
Ҳайати ҳукумати муваққатии Афғонистон дар аввали моҳи сентябр эълон карда шуд, ки онро Муҳаммад Ҳасан Охунд сарварӣ мекунад, ки дар замони ҳукмронии аввали Толибон* вазири корҳои хориҷӣ буд ва аз соли 2001 таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад.
* - Созмони террористие, ки фаъолияташ дар Русия ва Тоҷикистон мамнуъ аст.