Дархости "Толибон"* дар ҷиҳати озод кардани дороиҳои Афғонистон дар хориҷ

Сухангӯи "Толибон"* аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват кард, ки ҳукумати Толибонро эътироф кунанд ва дороиҳои молиявии кишвар дар хориҷро озод намояд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 сен — Sputnik. "Толибон" * аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват кардааст, ки ҳукумати муваққатии онҳоро эътироф ва дороиҳои молиявии кишварро озод кунанд, гуфт сухангӯи ин гурӯҳ Забеҳуллоҳ Муҷоҳид дар суҳбат бо шабакаи телевизионии "Эн-эйч-кей".

"Мо мехоҳем бо ҷомеаи ҷаҳонӣ муносибатҳои хуб барқарор кунем. Ҳар он чизе ки ба манфиати мардуми Афғонистон аст, ба манфиати ҷомеаи ҷаҳонӣ аст ва суботи Афғонистон барои тамоми ҷаҳон муҳим аст", - гуфт ӯ.

Ҳамзамон "Толибон"* таъкид кардаанд, ки ҳукумати феълӣ муваққатист ва баҳс дар бораи ҳамашумул кардани он идома дорад.
Ёдовар мешавем, ки дар авоили моҳи август "Толибон" ҳамла ба нерӯҳои давлатии Афғонистонро тақвият доданд.
Ин гуруҳ 15 август Кобулро бидуни ҷанг гирифт.
Фавзия Кӯфӣ: "Толибон"* наметавонанд Афғонистонро идора кунанд
Пеш аз вуруди ҷангиён ба пойтахт президенти пешини Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ аз кишвар фирор кард
Ҳайати ҳукумати муваққатии Афғонистон дар аввали моҳи сентябр эълон карда шуд, ки онро Муҳаммад Ҳасан Охунд сарварӣ мекунад,. Ӯ дар давраи аввали ҳукумати "Толибон"* вазири корҳои хориҷӣ буд ва аз соли 2001 инҷониб таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад.
* - созмони террористие, ки фаъолияташ дар Русия ва Тоҷикистон мамнуъ аст.