Соҳибкорони Тоҷикистону Покистон дар Душанбе чандин санади ҳамкорӣ ба имзо расонданд

Дар Душанбе чанд санади ҳамкорӣ миёни ширкату корхонаҳои тавлидотии Тоҷикистону Покистон ба имзо расид
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 сен — Sputnik. Ҳамоиши доираҳои тиҷоратии Тоҷикистону Покистон, имрӯз дар шаҳри Душанбе бо иштироки Сарвазири Покистон Имрон Хон ва муовини Сарвазири Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода баргузор гардид.
Иттилоъ дода шудааст, ки дар Форуми соҳибкории Тоҷикистон ва Покистон 150 нафар намояндагони доираҳои тиҷоратии ду кишвар ҳузур доштанд.
Зимни форум қайд карда шуд, ки ҳамкории мутақобилан судманди иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистон ва Покистон зарфи солҳои охир беш аз пеш тақвият меёбад.
Баргузории Форуми соҳибкорӣ бо иштироки доираҳои тиҷоратии ҳарду давлат дар шаҳри Душанбе ба рушди ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ, баланд бардоштани иқтидори содиротӣ, ҷалби сармояву воридоти технологияҳои муосир ва тақвияти ҳамкории дуҷонибаи иқтисодию сармоягузорӣ мусоидат хоҳад кард.
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Имрон Хон ва Раисӣ дар Душанбе авзоъи Афғонистонро баррасӣ кардаанд
Дар доираи Форуми соҳибкории Тоҷикистону Покистон мулоқоти байни субъектҳои бахши хусусию давлатии ҳарду кишвар санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.
Инчунин дар доираи Форуми соҳибкории Тоҷикистону Покистон ҷаласаи Шӯрои муштараки соҳибкории Тоҷикистону Покистон ва вохӯрии дуҷонибаи соҳибкорони ҳарду кишвар дар сиғаи соҳибкор бо соҳибкор (В2В) доир гардид, ки аз натиҷаи он якчанд санадҳои ҳамкорӣ миёни ширкату корхонаҳои тавлидотии Тоҷикистону Покистон ба имзо расонида шуданд.
Ёдрас мешавем, ки соли равон гардиши мол миёни Тоҷикистон ва Покистон ба 25,8 миллион доллари амрикоӣ расид, ки 54,1 фоизи гардиши тарафайни мол дар соли 2019-ро ташкил медиҳад.