Раҳмон ва Пашинян дурнамои рушди ҳамкориро баррасӣ карданд

Гуфтугӯи сарони Тоҷикистону Арманистон танҳо ба рушди ҳамкориҳои иқтисодии ду кишвар марбут буд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 сен — Sputnik. Дар арафаи нишасти СААД президенти Тоҷикистон бо нахуствазири Арманистон Никол Пашинян дидору гуфтугӯ кард, хабар медиҳад дафтари матбуотии сарвари давлат.
Ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни мулоқот вазъ ва дурнамои равобиту ҳамкории ду кишвар баррасӣ шуд.
Эмомалӣ Раҳмон ва Пашинян робитаҳои деринаи Тоҷикистону Арманистонро омили муҳими рушди пайдарпайи муносибатҳои ду кишвар номиданд.
Никол Пашинян аз Эмомалӣ Раҳмон кумак хост
"Ҷонибҳо зимни мулоқот масоили таҳкиму тавсеаи ҳамкории дуҷонибаро дар соҳаҳои муҳими сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, саноат ва фарҳанг, муҳокима карданд",-меафзояд манбаъ.
Тарафҳо дар ин дидор татбиқи санадҳои қаблан имзошудаи ҳамкорӣ, тавсеаи фаъолияти Комиссияи байниҳукуматии иқтисодӣ ва дар ин замина баргузор намудани ҳамоишҳои тиҷориро барои рушду пешрафти ҳамкории дуҷониба муҳим арзёбӣ карданд.