Президенти тозаинтихоби Эрон вориди Душанбе шуд

Раҳбари Эрон зимни сафар ба Душанбе дар назар аст, дар нишасти СҲШ ширкат ва суханронӣ кунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 13 сен — Sputnik. Президенти тозаинтихоби Эрон Иброҳим Раисӣ бо даъвати Эмомалӣ Раҳмон раисиҷумҳури Тоҷикистон вориди Душанбе шуд.
Иброҳим Раисиро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода истиқбол кард.
Дар назар аст, Раисӣ тайи ин сафараш ба Тоҷикистон дар нишасти Созмони Ҳамкории Шанхай ширкат ва суханронӣ кунад, ки дар он масъалаи пазируфтани узвияти комили Эрон ба СҲШ баррасӣ мешавад.
Воридшавии Эрон ба СҲШ маркази нави қудратро ташкил медиҳад
Феълан Эрон ба мисли кишварҳои Беларус, Афғонистон, Муғулистон дар ин созмон мақоми нозирро дорад.
Теҳрон ҳанӯз соли 2005 дар Созмони Ҳамкории Шанхай мақоми нозир гирифт ва пас аз он барои узвияти комил дар соли 2008 дархост дод. Аммо то соли 2015 бинобар таҳримҳои байналмилалӣ алайҳи Теҳрон дархости он дар ҷиҳати узвият дар СҲШ пазируфта нашуд. Таҳримҳо соли 2015, дар ҳоле бардошта шуданд, ки Теҳрон барои маҳдуд кардани барномаи ҳастаияш розӣ шуд.
Нишасти сарони СҲШ рӯзҳои 16-17 сентябр дар Душанбе баргузор мешавад. Феълан ин созмон Русия, Ҳиндустон, Қазоқистон, Қирғизистон, Чин, Покистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистонро шомил мешавад.
Муҳриддин: Тоҷикистон аз узвияти комили Эрон дар СҲШ ҳимоят мекунад
Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон қаблан гуфта буд, ки дар сурати иттифоқи назари аъзо Тоҷикистон аз узвияти комили Эрон дар Созмони Ҳамкории Шанхай ҳимоят мекунад.
Зимнан сафири Русия дар Эрон Леван Ҷагарян низ изҳор дошт, ки Маскав аз дархости Теҳрон барои узвияти комил дар СҲШ пуштибонӣ мекунад.
Созмони Ҳамкории Шанхай як созмони байнулмилалии байниҳукуматӣ буда, аз ҷониби раҳбарони Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон таъсис ёфтааст.