ДУШАНБЕ, 16 сен — Sputnik. Ожонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон мегӯяд, дамои ҳаво дар кишвар гарму бебориш мешавад.
Ба иттилои манбаъ, дар ВМКБ боридани борон дар назар нест. Вазиши шамол то 4-9 метр дар як сония пешгӯӣ мешавад. Дар ғарби вилоят рӯзона 25-30 ва шабона 7-12 дараҷа ҳаво гарм мешавад.
Дар шарқи ин вилоят бошад, рӯзона 13-18 дараҷа гарм ва шабона 1-6 дараҷа ҳаво хунук мешавад.
Зимнан, ҳавои вилояти Суғд ҳам бебориш аст. Шамол дар баъзе минтақаҳои ин вилоят то 10 - 15 метр дар як сония мевазад. Рӯзона дамои ҳаво то 29-34 ва то шабона 9-14 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Рӯзона 32-37 ва шабона 13-18 дараҷа ҳаво гарм мешавад. Вазиши шамол дар як сония то 4-9 дараҷа мерасад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабри бебориш мешавад. Рӯзона гармии ҳаво то 31-36 ва шабона то 10-15 дараҷа мерасад.
Душанбе, ки мизбони нишасти СААД ва СҲШ мебошад, боридани борон дар назар нест. Шамол то 4-9 метр дар як сония мевазад. Дамои ҳаво рӯзона 33-35 ва шабона 12-14 дараҷа гарм мешавад.