Мирзиёев ва Имрон Хон вориди Душанбе шуданд

Раисиҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва сарвазири Покистон Имрон Хон вориди Тоҷикистон шуданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 сен — Sputnik. Вуруди раисиҷумҳурон ва намояндагони баландмақоми кишварҳои узви СҲШ ба Тоҷикистон идома дорад.
Чанде пеш кишвардори Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Душанбе расид. Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, раисиҷумҳури Ӯзбекистонро сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва дигар шахсони воқеӣ истиқбол гирифтанд.
Зимнан, сарвазири Покистон Имрон Хон низ бо сафари расмӣ ва ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои СҲШ ба Тоҷикистон ташриф овард.
Баргузории нишасти СҲШ ва СААД таҳти тадобири шадиди амниятӣ дар Душанбе
Имрон Хонро низ дар фурудгоҳи Душанбе сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода пешвоз гирифт.
Дар пасманзари вазъи ноороми Афғонистон ва дахолату дастгирии Ҳукумати Покистон аз ҷангиёни "Толибон" дар Тоҷикистон аксар мухолифияти худро нисбати сафари Имрон Хон ба ҷумҳурӣ иброз мекарданд.
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ корбарони зиёд аз Ҳукумат талаб намуданд, ки сарвазири Покистонро қабул накунанд ва сафари ӯро лағв намоянд.
Ёдовар мешавем, ки 17 сентябр дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои узви СҲШ бахшида ба 20-умин солгарди таъсиси СҲШ баргузор мешавад.