Фаҳими Фано аз дастгирии Раҳмону ҳамдардии тоҷикон ба мардуми Афғонистон гуфт - навор

Ин сарояндаи афғононистонӣ мегӯяд, дар Тоҷикистон ягон нафар нисбати тақдири мардуми Афғонистон бетараф нестанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 сен — Sputnik. Фаҳими Фано овозхони хушноми Афғонистон, ки феълан дар Тоҷикистон ба сар мебарад, аз дастгирӣ ва бетафавут набудани Эмомалӣ Раҳмон ва кулли мардуми Тоҷикистон дар қиболи вазъияте, ки алъон дар Афғонистон мавҷуд аст, ибрози назар кард.
Номбурда дар барномаи консертӣ, ки ба 30 - юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бахшида шуда буд, дар ҳузури раисиҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон суруд хонд ва ҳамаро тасхир намуд.
Маҳз пас аз ин барнома, ба шабакаҳои иҷтимоӣ, навори мусоҳибаи телевизиони Afganistan International бо Фаҳими Фано роҳ ёфт, ки дар он ҷо сарояндаи афғонистонӣ аз таваҷҷӯҳи Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми Тоҷикистон нисбати вазъияту ҳолати давлати Афғонистон сухан кард.
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Сарояндаи афғон васфи Раҳмон карду мардуми Душанберо ба "по" хезонд - видео
Ӯ аз ҷумла гуфт, Эмомалӣ Раҳмон дар ин чорабинӣ ӯро меҳмоннавозӣ намуда ваъда дод, ки Афғонистонро ҳамаҷониба дар чунин замони барояш душвор, дастгирӣ мекунад.
Овозхон ҳамчунин аз дастгирӣ ва таваҷҷӯҳи мардуми Тоҷикистон нисбати ҳамсоякишварашон изҳори хушнудӣ намуда гуфт, "ин ҷо ҳама изҳори ҳамдардию дилҷӯӣ мекунанд ва дуогӯи онанд, ки ҳар чӣ зудтар дар афғонистон сулҳу амонӣ ҳукмфармо шавад".
Дар идома овозхон зикр намуд, ки ӯ ба Тоҷикистон қабл аз шиддат гирифтани вазъият дар Афғонистон сафар кард ва ҳоло барои ҳамватанон ва ватани худ бисёр нороҳат аст.
Фаҳими Фано аз он нигарни кард, ки ҷангиёни "Толибон"* суруду мусиқиро дар Афғонистон манъ намуданд ва ин тасмим онҳо шароити овозхонҳое, ки ноновари хонаводаи худ буданд, душвор кардааст.
Ӯ мегӯяд, бо ҳамтоёни афғонистонии худ дар тамос аст ва онҳо аз аз он дар ҳаросанд, ки Толибон ба хотири ҳунарманд буданашон онҳоро қатл кунанд.
Толибон боз як овозхони номии Афғонистонро бераҳмона куштанд
Ёдрас мешавем, ки Фаҳими Фано, ки дар Кобул ҳангоми баргузории озмуни “Абарситора” – и телевизиони Тулӯъ аз сӯи зӯрмандони мусаллаҳ таҳдид шуд моҳи март ба Тоҷикистон фирор кард.
Ӯ ният дорад, ки дар Тоҷикистон паноҳанда шавад ва дар оянда ба ягон кишвари аврупоӣ муҳоҷират кунад.
Фаҳими Фано зодаи вилояти Бағлони Афғонистон буда, тоҷик ҳаст ва ҳоло аз чеҳраҳои маъруфи ин кишвар ба шумор меравад.
*гурӯҳи террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Русия