ДУШАНБЕ, 14 сен — Sputnik. Дар Тоҷикистон ягон ҳолати нави сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст, хабар медиҳад маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ.
Дар баробари ин омори мусбат давоми 24 соати охир 5 нафар аз ин беморӣ шифо ёфтанд.
Ҳамин тариқ дар тамоми давраи пандемия дар кишвар 17 084 мавриди гирифторӣ ба COVID-19 ба қайд гирифта шудааст.
Аз ин шумора 16953 нафар шифо ёфтааст ва омори фавт бошад, ба 124 нафар мерасад.
Ёдовар мешавем, ки аз 23 марти соли ҷорӣ беш аз 2,1 миллион шаҳрванди Тоҷикистон вояи аввалини ваксинаи коронавирусро гирифтаанд, ки тақрибан 37,2%-и ҷамъияти кишварро ташкил медиҳад. Зиёда аз 1,2 миллион нафар ваксинаи дуюмро гирифтанд, ки ин шохис ба 59% мерасад.
Сироятёбӣ ба коронавирус дар 24 соати ахир сабт нашудааст. Илова бар ин, тибқи маълумоти Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе, аз 29 август дар шаҳри Душанбе ҳич мавриде аз гирифторӣ ба COVID-19 сабт нашудааст.
Ҳама муассисаҳои тиббӣ, ки қаблан беморони гирифтори коронавирусро табобат мекарданд, ба фаъолияти муқаррарӣ баргаштанд.