Ҳамаи хобгоҳҳои муҳоҷирон дар вилояти Маскав санҷида мешаванд

Губернатори вилояти Маскав амр додааст, ки дар ин минтақа санҷишҳои оммавӣ ташкил карда шаванд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 сен — Sputnik. Пас аз як ҳодисаи пурсарусадо дар минтақаи Сергей-Посад, губернатори вилояти Маскав Андрей Воробёв фармон дод, ки хобгоҳи муҳоҷирон дар Бужанинов баста шавад.
Вай изҳор дошт, ки чунин тасмим бо таваҷҷуҳ ба назари сокинони маҳаллӣ рӯйи даст гирифта шудааст.

"Хобгоҳ дар Бужанинов, ки дар наздикии он ин ҳодиса рух дод, имрӯз баста мешавад. Агар сокинон мухолиф бошанд, пас он дар он ҷо ҷой нахоҳад дошт", - гуфт Воробёв.

Губернатори вилояти Маскав афзуд, ки ҳарчи зудтар дар ҳама ҷойҳое, ки муҳоҷирин зиёданд, санҷиш гузаронида мешавад.
"Бояд ба ҳама гуна қонуншиканиҳо, ҳатто ҷиноятҳои аз ҷониби муҳоҷирон содиршуда ба таври қатъӣ бархӯрд сурат гирад", - илова намуд ӯ.
Дар вилояти Маскав ду муҳоҷири тоҷик ба таҷовуз ва қатли як нафақахӯр муттаҳам мешаванд
Воробёв қайд кард, ки чунин ҳодисаҳо ба ҳамаи шаҳрвандони хориҷӣ хос нестанд, зеро аксари меҳмонон софдилона ва аз рӯи виҷдон кор мекунанд.
Ёдовар мешавем, мақомот ду нафарро бо гумони таҷовуз ва куштори як нафақахӯр дар минтақаи Сергей - Посад боздошт карданд.
Мақомот мегӯянд, ки онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон буда, 37 ва 33 сол доранд.