Дидору мулоқоти ғайричашмдошти Путину Асад дар Маскав

Президенти Сурия бо як сафари ғайричашмдошт вориди Маскав шудаву бо раҳбари Русия мулоқот кардааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 сен — Sputnik. Президенти Сурия Башор Асад бо як сафари эълоннашуда ба Маскав омад, хабар додааст дафтари матбуоти раисҷумҳури Русия.
Гуфта мешавад, Асад ва Путин дар Кремл дидору мулоқот кардаанд.
Зимни мулоқот Владимир Путин гуфтааст, ки Президенти Сурия барои роҳандозии муколама бо рақибони сиёсӣ корҳои зиёдеро анҷом медиҳад.

“Бо талошҳои муштараки мо қаламрави асосии Сурия озод шуд. Ҳукумати Сурия бо сарварии Шумо 90%-и қаламравро назорат мекунад. Мушкили асосӣ дар он аст, ки нерӯҳои мусаллаҳи хориҷӣ дар қаламравҳои муайяни кишвар бидуни қарори СММ ва бидуни таҳрими Шумо ҳузур доранд", - гуфт Путин.

Вай таъкид кард, ки ҳузури чунин нерӯҳои хориҷӣ хилофи қонунҳои байналмилалӣ буда, имконият намедиҳад, то саъю кӯшиши ҳадди аксар барои таҳкими кишвар сурат гирад.
Асад таҳримҳои зидди Сурияро зиддиинсонӣ ва ғайриқонунӣ номида, қайд кард, ки артишҳои Сурия ва Русия дар якҷоягӣ дар рафъи терроризм ба натиҷаҳои назаррас ноил шудаанд.
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Путин аз эҳтимоли қарантин шудани худ гуфт
Гуфта мешавад, Путин инчунин изҳори умедворӣ кардааст, ки бо саъю талошҳои муштарак метавон барои "ба по хестан"-и мардуми Сурия кумак кард.
Асад ба Русия барои кумакҳои башардӯстона ва ёрӣ ба Сурия дар мубориза бо коронавирус изҳори сипос кардааст.
Ҳамин тариқ дар нимсолаи аввал ҳаҷми муомилоти мол байни Федератсияи Русия ва Сурия 3,5 баробар афзоиш ёфт, таҳвили аввалин бастаҳои "Sputnik V" ва "Sputnik Light" ба ин кишвар муваффақ анҷом ёфт.
Илова бар ин гуфта мешавад, ки Путин Асадро бо зодрӯзаш табрик кард ва ӯ ба забони русӣ ба ӯ ташаккур гуфт.