Аввалин сафари хориҷии президенти тозаинтихоби Эрон аз Тоҷикистон сар мешавад

Ин нахустин сафари хориҷии Раисӣ пас аз интихоб шуданаш ба мақоми президенти Эрон аст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 13 сен — Sputnik. Президенти тозаинтихоби Эрон Иброҳим Раисӣ тайи як сафари расмӣ ба Тоҷикистон меояд, хабар додааст Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.
Ин сафари раисҷумҳури Эрон қарор аст, ҳамин ҳафта сурат гирад.
Ба иттилои манбаъ, ҳоло дар Душанбе корҳо барои пурра кардани қисми муҳими сафари раисҷумҳури Эрон ва ҳамзамон сарони Русияву Покистон идома доранд.
Ба иттилои манбаъ, Раисӣ тайи ин сафараш ба Тоҷикистон дар нишасти Созмони Ҳамкории Шанхай ширкат хоҳад кард, ки дар он масъалаи пазируфтани узвияти Эрон ба СҲШ баррасӣ мешавад.
Феълан Эрон ба мисли кишварҳои Беларус, Афғонистон, Муғулистон дар ин созмон мақоми нозирро дорад.
Воридшавии Эрон ба СҲШ маркази нави қудратро ташкил медиҳад
Теҳрон ҳанӯз соли 2005 дар Созмони Ҳамкории Шанхай мақоми нозир гирифт ва пас аз он барои узвияти комил дар соли 2008 дархост дод. Аммо то соли 2015 бинобар таҳримҳои байналмилалӣ алайҳи Теҳрон дархости он дар ҷиҳати узвият дар СҲШ пазируфта нашуд. Таҳримҳо соли 2015, дар ҳоле бардошта шуданд, ки Теҳрон барои маҳдуд кардани барномаи ҳастаияш розӣ шуд.
Нишасти сарони СҲШ рӯзҳои 16-17 сентябр дар Душанбе баргузор мешавад. Феълан ин созмон Русия, Ҳиндустон, Қазоқистон, Қирғизистон, Чин, Покистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистонро шомил мешавад.
Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон қаблан гуфта буд, ки дар сурати иттифоқи назари аъзо Тоҷикистон аз узвияти комили Эрон дар Созмони Ҳамкории Шанхай ҳимоят мекунад.
Зимнан сафири Русия дар Эрон Леван Ҷагарян низ изҳор дошт, ки Маскав аз дархости Теҳрон барои узвияти комил дар СҲШ пуштибонӣ мекунад.
Созмони Ҳамкории Шанхай як созмони байнулмилалии байниҳукуматӣ буда, аз ҷониби раҳбарони Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон таъсис ёфтааст.