ДУШАНБЕ, 13 сен — Sputnik. Нархи ҳазор метри мукааб газ дар Аврупо аз ҳадди 730 доллари амрикоӣ боло рафт, бармеояд аз додаҳои бозор.
Нархи фючерси моҳи октябр бо нишондоди ҳолландии TTF дар оғози савдо ҳудуди 713,1 доллар сари ҳар ҳазор метри мукааб буд, ки соати 9:30-и имрӯз (бо вақти Маскав) то 728,2 доллар расид.
Ба навиштаи "РИА Новости", раванди болоравии нархи газ идома ёфта, то 730,1 доллар сари ҳазор метри мукааб расид.
Рекорди пешини нархи газ рӯзи ҷумъа, соати 17:40 (бо вақти Маскав) сабт шуд, ки 710 долларро ташкил медод. Ҳанӯз чоршанбеи ҳафтаи гузашта ин нишондод муодили 670 доллар сари ҳазор метри мукааб буд.
Ба гуфтаи коршиносон, афзоиши нархи газ ба камбуди захираи ин намуди маводи сӯхт дар анборҳо вобаста аст.
Дар ҳамин ҳол гуфта мешавад, ки "Газпром" намехоҳад истихроҷу фурӯши газро дар пасманзари оғози кори лӯлаи гази "Маҷрои шимол - 2" афзоиш диҳад.