ДУШАНБЕ, 13 сен — Sputnik. Бо даъвати Эмомалӣ Раҳмон Владимир Путин ба Тоҷикистон меравад.
Дар назар аст, сафари Путин ба Душанбе аз 15 сентябр оғоз шавад, хабар додааст, дафтари матбуотии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни ин сафар сарони давлатҳо "як ба як" ва ҳамчунин дар ҳузури ҳайати васее гуфтушунид хоҳанд кард.
Гуфта мешавад, сарони Тоҷикистон ва Русия дар маросими гузоштани санги асоси панҷ мактаби таълимӣ бо забони русӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб, Бохтар ва Турсунзода дар шакли видеоконфронс ширкат хоҳанд кард.
Дар поёни музокирот ба имзо расидани Изҳороти муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Федератсияи Русия дар ҷиҳати таъмиқи минбаъдаи муносибатҳои шарикӣ ва иттифоқи стратегӣ, инчунин зиёда аз бист санади нав дар назар аст.
Пас аз ин дидорҳо қарор аст, Президенти Русия дар ҷаласаҳои СААД ва СҲШ ширкат кунад.