ДУШАНБЕ, 13 сен — Sputnik. Дмитрий Песков, котиби матбуотии Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия суханони роҳбари ин давлатро дар мавриди "рафтан ба қарантин" тавзеҳ дод.
"Бо ин гап, ки маҷбур аст, ба карантин равад, Путин маҷозан изҳори назар кард", - таъкид намуд сухангӯи раисиҷумҳури Русия.
Ахиран Владимир Путин гуфт, дар атрофи ӯ одамони зиёде мубталои коронавирус ҳастанд.
Ӯ истисно накард, ки шояд дар ояндаи наздик худ ҳам ба қарантин фаро гирифта шавад.
"Мутаассифона дар мо ҳам вазъ чунин аст. Пизишкон меомӯзанд, ҳатто дар муҳити ман ҳам мушкилот бо ковид ба миён меояд. Фикр мекунам, ки дар ояндаи наздик маҷбурам, ба қарантин равам", - изҳор дошт Путин зимни баромади худ дар назди варзишгарон, иштирокдорони паралимпиада.
Маврид ба зикр аст, ки Владимир Путин қаблан ваксинаи зидди коронавирусро гирифта буд.
Қарор аст, Путин тайи ин ҳафта ба Тоҷикистон сафар ва бо ҳамтоёнаш аз кишварҳои дигари узви СААД ва СҲШ дидору гуфтугӯ кунад.