ДУШАНБЕ, 12 сен — Sputnik. Дар вилояти Брянск як корхонаи махфӣ кашф шуд, ки дар он муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ кор мекунанд. Ин коргоҳ дар минтақаи Навлин ҷойгир аст.
Дар ин бора, сокинони деҳаҳои наздик ба рӯзномаи Брянские новости хабар додаанд. Онҳо гуфтаанд, ки муҳоҷирон ба истихроҷи ангишт машғуланд ва майзадаҳои маҳаллӣ ба зодагони Осиёи Марказӣ кумак мекунанд.
Ба гуфти сокинони маҳаллӣ, ин корхона ба як шаҳрванди Украина тааллуқ дорад. Сокинони деҳа қайд кардаанд, ки истеҳсолот дар ҷангал ҷойгир аст, аммо соҳиби он чораҳои бехатарии сӯхторро риоя намекунад.
"Шаҳрванди Украина тартиботро вайрон карда, бо истифода аз муҳоҷироне, ки патент ва иҷозатномаи кор надоранд, дар ин ҷо тиҷорати ғайриқонунӣ кушод", - гуфтанд онҳо.
Онҳо ҳамчунин аз партоби кимиёвӣ ба атмосфера дар ҳарос ҳастанд. Сокинон таъкид карданд, ки завод "дуди завон тамоми атрофро фаро гирифтаст".
"Мо метарсем, одамони ношинос ба мо таҳдид мекунанд. Сокинон рӯзона аз гашту гузор дар атрофи деҳа метарсанду шабҳо аз хатари сӯхтор дар ҳаросанд", - гуфтанд ҳамсӯҳбатони рӯзнома.
Онҳо қайд карданд, ки қаламрави заводро сагҳо посбонӣ мекунанд ва вазъият дар он ҷо "ба конслагер" шабоҳат дорад.
Сокинони хашмгини Брянск кӯшиш кардаанд, ки дар назди корхона эътироз бардоранд, аммо онҳо фавран ронда шуданд. Онҳо аз мақомоти маҳаллӣ талаб кардаанд, ки чораҳои таъҷилӣ андешанд, яъне кормандони Хадамоти федеролии амниятиро ҷалб намоянд.