ДУШАНБЕ, 12 сен – Sputnik. Мақомоати Суғд мегӯянд, беш аз ҳазор нафар кормандони ҳукуматҳои маҳаллӣ ва идораҳои вилоятӣ бо роҳбарии Раҷаббой Аҳмадзода ба ёрии пахтакорон рафтанд.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд, ҳашарчиён дар ҷамъияти ба номи Абдураҳим Ҷумъаеви ноҳияи Бобоҷон Ғафуров давоми рӯзи 11 сентябр дар ҷамъоварии ҳосил ба пахтакорон ёрӣ расонданд.
Манбаъ мегӯяд, дар ин рӯз беш аз 25 тонна пахта чида шуда, ба хирман супорида шуд.
Мақомоти Суғд зикр намуданд, ки имсол дар вилоят беш аз 52700 гектар пахта кишт гардида, дар назар аст, ки 130 000 тонна пахта истеҳсол карда шавад.
Абдуазиз Маҳмудзода, муовини сардори Сарраёсати кишоварзии Суғд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, соли ҷорӣ дар майдони 52 ҳазору 782 гектор пунбадона кишт шудааст, ки ин рақам дар муқоиса ба соли қаблӣ 6,2 ҳазор гектор кам мебошад.
“Аз сабаби номусоид омадани ҳаво имсол кишти пахта камтар гузаронида шуд. Бар замми ин ду ҳазор гектор замини пахта аз таъсири тағйирёбии иқлим вайрон шуд”, - гуфт Маҳсудзода.
Соли гузашта масъулони ҳукумати Суғд маъракаи “60 – рӯзи зарбдор дар пахтазор” роҳандозӣ намуда, мунтазам кормандони бахшҳои гуногуни ва мақомдорони сатҳи гуногун рӯзҳои истироҳташонро дар ҷамъоварии ҳосили пахта мегузаронданд.