ДУШАНБЕ, 12 сен — Sputnik. Садри аъзами Олмон* мегӯяд, бо Толибон*, ки феълан қудрат дар Афғонистонро ғасб карданд, созиш дар бархе масоил хеле душвор хоҳад буд.
Меркел ин нуктаро зимни нишасти матбуотӣ дар Варшава, дар ҳошияи мулоқот бо сарвазири Лаҳистон, Матеуш Мораветский баён дошт.
"Мо ночор қоилем, ки тавонистем, терроризмеро шикаст диҳем, ки ба амнияти мо таҳдид мекард. Аммо на ҳамаи мақсадҳоямонро, ки пеш гузоштем, тавонистем, амалӣ созем", - изҳор дошт ӯ.
Меркел эътироф намуд, ки созиш бо Толибон* дар бархе масоил, аз ҷумла дар мавриди ҳуқуқуқи зан мушкил хоҳад буд.
Дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои ИМА ва Ғарб аз Афғонистон, Толибон* босуръат қаламрави кишварро ғасб карда, 6 сентябр аз тасаллуташон бар ҳамаи музофоти Афғонистон хабар доданд. Аммо Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон мегӯяд, муборизаро барои ташкили як давлатии исломии муътадил бо риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон идома медиҳад.
*-созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар