ДУШАНБЕ, 11 сен — Sputnik. Вазорати тандурустии Тоҷикистон аз наз наздик расидан ба пойни пандемия дар кишвар хабар медиҳад.
Тибқи иттилои ин ниҳод, давоми 24 соати гузашта дар кишвар танҳо ташхиси коронавируси 10 тан мусбат шудааст.
Ҳамин тариқ, дар маҷмӯъ, аз оғози паҳншавии пандемия дар Тоҷикистон, 17 064 нафар бо сирояти нави коронавирус бемор шудаанд.
Давоми шабонарӯзи ахир ҳамзамон 12 нафари дигар аз ин беморӣ шифо ёфта, шумораи умумии сиҳатшудагон 16,927 нафарро ташкил дод.
Аз нимаи моҳи август дар кишвар ягон ҳолати марг ба қайд гирифта нашуда; дар маҷмӯъ 124 нафар аз ин беморӣ фавтидаанд.
Қобили зикр аст, ки мавҷи нави коронавирус дар Тоҷикистон авохири моҳи август рӯ ба коҳишёбӣ овард.
Ба гуфтаи вазири тандурустии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, кишвар мавҷи дуввуми COVID-19-ро дилпурона паси сар карда истодааст.
Хотиррасон мекунем, ки Вазорати тандурустӣ мунтазам аз ҳамаи сокинони ҷумҳурӣ даъват мекунад, ки қоидаҳои пешгирии коронавирусро риоя кунанд: дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ниқоб пӯшанд.