Русия ба артиши Тоҷикистон 12 мошини зиреҳпуши махсуси кашшофӣ тақдим кард

Супурдани техникаҳои махсуси низомӣ ба Тоҷикистон дар доираи барномаи навсозии Қувваҳои Мусаллаҳи миллӣ сурат гирифтааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 11 сен - Sputnik. Вазорати дифои Русия мошинҳои махсуси кашшофиро ба нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон тақдим кард, иттилоъ додааст дафтари матбуотии вазорати дифои Русия.
"Вазорати дифои Русия ба нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон 12 мошини зиреҳпӯши махсус БРДМ-2M тақдим кард",-гууфта шудааст дар иттили вазорат.
Ин техникаҳо бо қисмҳои эҳтиётӣ, яроқи оташфишон, силоҳҳои ҷангӣ, инчунин таҷҳизоти муҳофизатии радиатсионӣ, кимиёвӣ ва биологӣ муҷаҳҳаз мебошанд.
Ин иқдом тибқи созишномаҳои ба имзорасида миёни руасоиҷумҳури Русия ва Тоҷикистон Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон анҷом ёфт.
Русия ба Тоҷикистон 40 техникаи низомӣ тақдим кард - видео
Муовини фармондеҳи Ҳавзаи низомии Марказӣ Евгений Тсиндайкин дар Душанбе дар маросими супурдани таҷҳизоти низомӣ қайд кард, ки бо талошҳои муштарак Русия ва Тоҷикистон амнияти ду давлатро таъмин хоҳанд кард.
"Ин як техникаи боэътимод ва санҷишшуда мебошад, ки иқтидори ҷангии қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистонро зиёд хоҳад кард ва ин боз як далели муҳим дар роҳи таъмини мудофиаи кишвар хоҳад буд", - таъкид кард Циндяйкин.
Вазорати дифои Федератсияи Русия гуфт, ки интиқоли маҳсулоти низомӣ дар доираи барномаи навсозии Қувваҳои Мусаллаҳи миллии Тоҷикистон анҷом меёбад.
Русия ин барномаро ҳамчун як василаи калидӣ барои бардоштани тавонмандии ҷангии шарики Русия дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва саҳми Русия дар таҳкими марзи Тоҷикистон бо Афғонистон медонад.
Панҷ рӯз ва ҳазорҳо низомӣ: тафсилоти тамриноти низомии Тоҷикистону Русия
Қаблан вазири дифои Русия Сергей Шойгу гуфта буд, ки Русия дар навсозии артишҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ кумак хоҳад кард, онҳо бояд тавонанд ба таҳдидҳои нав посух диҳанд.
Ҳамчунин қаблан хабар дода шуда буд, ки Русия дар пойгоҳи низомиии 201-умаш дар Тоҷикистон бо танкҳои муосир муҷаҳаз хоҳад кард. То охири соли 2021 дар ихтиёри пойгоҳи низомии Русия, ки дар шаҳрҳои Душанбе ва Бохтари Тоҷикистон ҷойгир ҳастанд, 30 танки замонавӣ супорида мешавад.