Вазири Исроил гуфт, Эрон дар садади дастёбӣ ба силоҳи ҳастаӣ мебошад

Мақомдорони Исроил бар инанд, ки Эрон дар арафаи ихтирои силоҳи ҳастаӣ мебошад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 сен - Sputnik. Яир Лапид, вазири умури хориҷии Исроил, ҳушдор додааст, ки ин аъмоли Теҳрон бидуни вокуниш боқӣ нахоҳанд монд.
Лапид дар суҳбат бо РИА Новости гуфтааст, стратегияи феълии Ғарб дар мавриди Эрон самаранок нест. Ӯ афзудааст, ки таҳримҳо алайҳи Теҳрон кофӣ нестанд.

"Ирон мехоҳад, фурсати бештаре ба даст орад ва вонамуд карда истодааст, ки кореро анҷом дода истодааст. Аммо амалан барномаи ҳастаии худро рушд медиҳад", - гуфт Лапид.

Ӯ зарур хондааст, ки ҷаҳон аз нақшаи дигаре дар мавриди Эрон кор бигирад.
"Агар гузоришҳои ахири "МАГАТЭ" - ро бинед, маълум аст, ки ҳеч санҷише гузаронда нашуда истодааст. Аммо Эрон амалан дар марҳилаи истеҳсоли силоҳи ҳастаӣ мебошад, аммо мо наметавонем ба ин иҷозат диҳем", - илова намудаст вазир.
Лапид зарур хондааст, ки ҷаҳон ва махсусан ИМА ва шояд Исроил бояд қотеона нишон диҳад, ки Эрон ба осонӣ наметавонад, давлати дорои силоҳи ҳастаӣ шавад.
Истиқболи гарми Душанбе аз тавофуқи Эрон ва кишварҳои "шашгона"
Қаблан мақомоти Олмон, Фаронса ва Бритониё аз афзоиши истеҳсоли урани металии то 20 дарсад ғанигардонидашуда ва тавсеаи истеҳсоли урани то 60 дарсад ғанигардонидашуда изҳори нигаронӣ карданд.
Вазорати умури хориҷии Русия бо зикри бархе канорравиҳо изҳор дошт, ки ин ба он вобаста аст, ки ҳеч коре барои барқарорсозии созишҳои қаблӣ анҷом дода намешавад.