Таҷлили 30-юмин солгарди Истиқлолияти Тоҷикистон дар Маскав

Дар шаҳри Маскав бо ҳузри намояндагони мақомоти Русия, сафирони кишварҳои хориҷӣ, аҳли илму фарҳанг, инчунин ҳамватанони муқими дар Русия зо-юмин солгарди Истиқлолияти Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 сен – Sputnik. Сафорати Тоҷикистон дар Русия ахиран дар шаҳри Москва 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро ботантана ва шукуҳи хос таҷлил кард.
Дар ҳамоиш аъзои Шӯрои Федератсия, вакилони Думаи давлатӣ, роҳбарияти Вазорати корҳои хориҷӣ ва дигар намояндагони мақомоти давлатии Русия, сафирони кишварҳои хориҷӣ, намояндагони воситаҳои ахбори омма, аҳли илму фарҳанг, инчунин ҳамватанони муқими дар Русия иштирок намуданд.
Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, сафири тоза таъйини Тоҷикистон дар Русия зимни суханронии табрикотӣ қайд кард, ки эълон гардидани Истиқлолият дар таърихи халқи тоҷик як рӯйдоди сарнавиштсоз дар масири бунёди давлати соҳибихтиёр, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва демократӣ гардид.
“Истиқлолият дар эҳёи анъанаҳои миллӣ ва асосҳои давлатдории тоҷикон саҳми муассир гузошт”, - гуфт Гулмаҳмадзода.
Сафири нави Тоҷикистон дар Русия ба сафари қарибулвуқӯъи расмии Президенти Русия ба Тоҷикистон ва чорабиниҳои муҳими дарпешистода - саммитҳои СҲШ ва СААД, ки қарор аст дар нимаи дуюми моҳи сентябри соли ҷорӣ дар Душанбе баргузор гардад, таваҷҷуҳи хос кард.
Дар ин маҳфил, ҳамчунн Андрей Руденко, муовини вазири корҳои хориҷии Русия суханронӣ кард.
Андрей Руденко, заместитель министра иностранных дер РФ
Ӯ ҳозиринро ба муносибати ҷашни Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, ба мардуми дӯсти тоҷик сулҳу осоиш ва шукуфоӣ таманно кард.
Сипас ҷашни Истиқлолиятро барномаи ҷолиби консертӣ, идома дод. Ҳамчунин ба меҳмонон филмҳо ва наворҳо дар бораи дастовардҳои бузурги Тоҷикистон дар тӯли 30 соли Истиқлолияти давлатӣ намоиш дода шуд.
Дар таҷлили ҷашни 30-слагии Истиқлолия ҳамчунин роҳбарон ва фаъолони созмонҳои ҷамъиятии тоҷикон дар Россия, инчунин намояндагони аҳли зиё ва дигар доираҳои илмиву фарҳангӣ аз миёни зодагони Тоҷикистон ҳузур доштанд.