Ҷашни истиқлоли Тоҷикистон бо оташбозии рангин таҷлил шуд: видео

Чорабинии тантанавӣ ба ифтихори 30 -умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар шоми гузашта бо оташбозии бошукӯҳи идона анҷом ёфт
Sputnik
Санаи 9 сентябр дар ҳудуди Муассисаи давлатии "Наврӯзгоҳ" -и Душанбе намоиши бошукӯҳ баргузор шуд.
Дар ин чорабинӣ Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ иштирок доштанд.
Шумораи зиёди сокинони пойтахт ва меҳмонони хориҷӣ низ дар "Наврӯзгоҳ" ҷамъ омаданд, ба онҳо барномаи рангини консертӣ тақдим карда шуд.
Дар поёни намоиш раисиыумщури кишвар гуфт, ки даврони мотаму -ам гузашт ва мардуми тоҷик ҳаққи хурсандиву хушҳолиро дорад.
Ӯ гуфт, чунин барномаи рангин дар 30 соли истиқлолият доир нашуда буд.
Пас аз намоишҳо дар Душанбе, оташбозии идона сурат гирифт, "намоиши осмонӣ" -и зебо чанд дақиқа идома кард.