Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?

Манбаъ: ҳарими ҳавоии Афғонистон барои парвозҳои байналмилалӣ боз аст

Ба гуфтаи яке аз манбаъ наздик ба Толибон*, акнун ҳарими ҳавоии Афғонистон боз аст ва ҳавопаймоҳои хориҷӣ метавонанд аз ҳарими ҳавоии ин кишвар убур кунанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 сен – Sputnik. Як манбаи огоҳ дар гурӯҳи Толибон* хбар додааст, ки ҳарими ҳавоии Афғонистон барои парвозҳои байналмилалӣ боз аст, иттилоъ додааст Sputnik Эрон.
"Бо ифтитоҳи маркази назоратӣ дар фурудгоҳи Кобул, ҳоло ҳарими ҳавоии Афғонистон боз аст ва ҳавопаймоҳои хориҷӣ метавонанд аз фазои Афғонистон убур кунанд", - гуфт манбаъ ба Sputnik Эрон.
Ин манбаъ ҳамчунин тасдиқ кард, ки аввалин парвози байналмилалии тиҷоратӣ аз Кобул сурат гирифтааст.
Ба гузориши шабакаи телевизиони Ал-Ҷазира, нахустин парвози тиҷоратӣ аз фурудгоҳи Кобул ба Доҳа, пойтахти Қатар сурат гирифтааст.
Аввалин интиқоди тунди Карзай аз гурӯҳи Толибон*
Дар аввали даҳаи моҳи август Толибон* ҳамлаҳои худро ба нерӯҳои ҳукуматӣ дар Афғонистон шиддат бахшиданд.
Ягона минтақае, ки таҳти назорати Толибон* нест, Панҷшер аст, дар шимолу шарқи Кобул, ки аз лиҳози масоҳат ва аҳолӣ яке аз хурдтарин минтақаҳои кишвар мебошад.
15 август ҷангҷӯёни Толибон вориди пойтахти Афғонистон шуданд ва қасри раёсати ҷумҳуриро ишғол карданд.
Шаби 16 август Муҳаммад Наим, намояндаи бахши сиёсии Толибон гуфт, ки ҷанг дар Афғонистон ба поён расидааст ва дар ояндаи наздик шакли ҳукумати нав дар ин кишвар эълон хоҳад шуд.
* - ташкилоти террористӣ, ки дар Русия ва Тоҷикистон маманӯъ аст