ДУШАНБЕ, 9 сен – Sputnik. Расонаҳои Афғонистон ва Исроил хабар доданд, ки Забулон Симинтов, як шаҳрванди яҳудӣ, ки солҳои охир, ягона яҳудӣ дар Афғонистон будааст, рӯзи сешанбеи 6 сентябр кишварро тарк карда, ба сӯи Амрико рафт, иттилъ додааст Sputnik Афғонистон.
Бар асоси иттилои хешовандонаш, вай чанд рӯз пеш аз шаҳри Кобул ба мошини мусофирбар ва таҳти пушиши муборизин ва нигоҳбинони хусусии ширкати исроилии амрикоӣ мунтақил шуд .
Гуфта мешавад, ки ҳудуди 30 афғон, аз ҷумла занону кӯдакон, бо ӯ кишварро тарк кардаанд. Маълум нест, ки ин афрод аз Афғонистон ба кадом кишвар интиқол дода шудаанд.
Симинтов соҳиби дӯкони кабоб буд ва ҳатто моҳи гузашта то омадани Толибон (гурӯҳи террористие, ки дар қаламрави Русия ва Тоҷикистон мамнӯъ аст) мегуфт, ки дар Афғонистон мемонад.