ДУШАНБЕ, 9 сен — Sputnik. Нерӯҳои кишварҳои СААД метавонад дар Тоҷикистон мустақар карда шавад, гуфт котиби давлатии Шӯрои Амнияти Беларус Александр Волфович дар мақолае, ки рӯзи панҷшанбе дар рӯзномаи "SB. Belarus Segodnya" чоп шудааст.
Волфович ҳаводиси ахири Афғонистонро, ки метавонад боиси афзоиши мушкилот ва таҳдидҳои фаромиллӣ гардад, сабаби тақвияти эҳтимолии нерӯи низомии Тоҷикистон номид.
"Боз ҳам тезутунд ва пешгӯинашавандаи гаштани вазъ, аз ҷумла, қабули қарор дар бораи мустақар кардани нерӯҳои низомии кишварҳои узви Созмон ба хотири ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро истисно намекунад", - гуфт дабири кул.
Волфович қайд кард, ки вазъ дар Афғонистон макони бесуботии минтақа аст, ки дар шароити шикасти системахои байналхалкии пешгирй ва амният метавонад даври нави шиддати ҷаҳонро ба амал оварда, ба ҷанҷоли миқёсан калони ҳарбӣ табдил ёбад.
Намояндаи Шӯрои Амнияти Беларус афзуд, ки ҳодисаҳои дар Афғонистон рухдода метавонад боиси афзоиши таҳдидҳои марбут ба терроризм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир, силоҳ ва муҳоҷирати ғайриқонунӣ гардад.
Хатари махсус барои Аврупо аз ҷониби ҷараёни беназорати гурезаҳо, ки ба Беларус интиқол дода мешаванд, таҳдид мекунад, ки метавонад боиси афзоиши ҷинояткорӣ, пайдоиши гурӯҳҳои террористӣ ва ҷалби фаъолонаи ҷавонон дар кишвар гардад, гуфт Волфович.