ДУШАНБЕ, 8 сен — Sputnik. Дар як нишасти хабарӣ дар Душанбе сафири Афғонистон дар Тоҷикистон Муҳаммад Зоҳир Агбар ҳукумати ташкилкардаи Толибонро* ғайриқонунӣ номид.
Дипломат аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват кард, ки онро нашиносанд.
"Ман бо Толибон* то даме ки онҳо ҳуқуқи инсонро эҳтиром накунанд ва ҳукумати фарогирро таъсис надиҳанд, ҳамкорӣ нахоҳам кард", - гуфт Муҳаммад Зоҳир Ағбар.
Ба гуфтаи дипломати афғон, ӯ акнун ноиби президенти Афғонистонро дар Тоҷикистон намояндагӣ хоҳад кард.
"Муқовимат дар Панҷшер идома хоҳад ёфт ва афзоиш меёбад ва ман Амруллоҳ Солеҳро дар ин ҷо ба ҳайси президенти Афғонистон муаррифӣ мекунам", - гуфт ӯ.
Вай ҳамчунин афзуд, ки ба зудӣ дар Панҷшер ҷаласа ва шӯрои кулли афғон бо иштироки ҳамаи раҳбарони низомӣ, ки Толибонро* эътироф накардаанд, даъват карда мешавад.
Илова бар ин, ҳамаи қавмҳои Афғонистон, ки ҳукумати навро қабул накардаанд, ба қувваҳои муқовимати оммавӣ ҳамроҳ мешаванд, ки миёнашон ӯзбекҳо, ҳазораҳо ва паштунҳо мебошанд.
* - ҷунбиши Толибон дар Федератсияи Русия ва Тоҷикистон террористӣ эътироф шудааст.