Рақобати тимҳои Тоҷикистону Эронро Хироюки Кимури доварӣ мекунад

Рақобати тими "Истиқлол"- и Тоҷикистон бо "Персеполис", дастаи пурқудрати Эрон ҳафтаи оянд доир мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 8 сен — Sputnik. Конфедератсияи футболи Осиё ҳайати доваронро, ки бозии дастаҳои Истиқлол (Тоҷикистон) - Персеполис (Эрон) - ро дар даври 1/8 финалии Лигаи қаҳрамонҳои AFC -2021 назорат мекунанд, эълон кардааст.

Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, довари асосии бозии дастаҳои Тоҷикистон ва Эронро аз Ҷопон Хироюки Кимури 39 - сола таъйин шудааст.
Ба ӯ ҳамватанонаш Хироши Ямаучи и Ҷун Михара кумак хоҳанд кард. Инчунин довари эҳтиётӣ низ аз Ҷопон Ҷумпей Иида мебошад.
Пирӯзии "Соро компания" ва "Помир" дар Лигаи футзали Тоҷикистон
Нозири доварон мутахассиси малайзӣ Субҳиддин Моҳд Солеҳ ва комиссари бозӣ аз Ӯзбекистон Алим Орифов таъйин шудаанд.
Ёдовар мешавем, ки дар даври 1/8 ниҳоии Лигаи қаҳрамонҳои AFC -2021 "Истиқлол" (Тоҷикистон) - "Персеполис" (Эрон) 14 сентябр дар Душанбе рацобат хоҳанд кард.
Бозӣ дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ соати 20:00 оғоз мешавад.
Фурӯши чиптаҳои мусобиқа низ ба роҳ монда шудааст, ки арзиши он вобаста ба макони нишаст аз 20 то 50 сомонӣ арзиш дорад.