Эмомалӣ Раҳмон аз куштору саркӯби занону рӯзноманигорон дар Афғонистон гуфт - видео

Президенти Тоҷикистон аз хомӯшии ҷомеаи ҷаҳонӣ дар баробари вазъи Афғонистон изҳори нигаронӣ кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 8 сен — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон зимни суханрони ба истиқболи солгарди истиқлолияти кишвар ба масоили Афғонистон низ дахл кард.
Зимни суханронии худ раҳбари Тоҷикистон мавқеи ҷумҳуриро дар робита ба ҳаводиси ҳамсояи Афғонистон бори дигар шарҳ дод.
Ба гуфтаи ӯ, тайи як моҳи ахир вазъ дар ин кишвар боз ҳам мушкилтар ва фоҷиабортар шуда, боиси нигаронии ҷиддии кишварҳои минтақа ва ҷаҳон шудааст, аммо ҷомеаи ҷаҳон ва созмонҳои ҳомӣ гӯё хомӯшанд.
"Ман дар ҳайратам": нигаронии Раҳмон аз хомӯшии ҷаҳон дар баробари Афғонистон
Ӯ гуфт, дар ин кишвар ҳазорон занон рӯзноманигоронро саркӯбу қатл мекунанд аммо созмонҳо хомӯширо интихоб кардаанд ва гӯё дар дунё чунин ниҳодҳо вуҷуд надорад.
Президенд аз ҷомеаи ҷаҳонӣ ва кишварҳои манфиатдор даъват кард, ки барои ҳалли қазияи ин кишвар дахл кунанд.
Ӯ гуфт борҳо аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хост, ки ба вазъи авғонистон таваҷҷуҳ зоҳир кунанд, зеро он роҳи ҳалли низомӣ надорад ва бо музокирот ҳал шавад.
Ба гуфти президент ҷомеаи ҷаҳонӣ ва доираҳои манфиатдор ба ин масъала то андозае бетафовутӣ зоҳир карданд.
Намояндаи Афғонистон дар СММ аз ҳукумати нави Толибон* интиқод кард
Ҳатто яке аз сиёсатмадорони кишварҳои демократии ҷаҳон, ки ҳоло дар нафақа аст, ба ман ҷавоб дод, ки мушкили Афғонистон ин мушкили шумо ва минтақаи шумост ва барои мо мушкили Аврупо басанда аст.
Ӯ аз ҷомеаи ҷаҳон даъват кард, ки ба ин кишвар ёриҳои башардӯстона ирсол кунанд, аммо дар айни ҳол қайд карда, ки вазъ дар давраи тирамоҳ ва зимистон мураккаб хоҳад шуд, зеро танҳо кумакҳои воридшаванда басанда нестанд.