ДУШАНБЕ, 8 сен – Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон дар деҳаи Сангтудаи ноҳияи Рӯдакӣ як куштори бераҳмонаи зане сурат гирифтааст.
Тибқи иттилои манбаъ, ахиран марди 30-солаи сокини деҳаи Файзобаи ноҳияи Рӯдакӣ, ба хонаи истиқоматии хусураш ба деҳаи Сангтудаи ҳамин ноҳия омада, бо корд ҳамсараш зани 29-соларо 9 маротиба ба узвҳои баданаш задааст.
ВКД-и Тоҷикистон қайд кардааст, ки мутаасифона дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Ҳамзамон, як ҳодисаи ваҳшиёнаи дигар дар деҳаи Ӯзбекқишлоқи ноҳияи Ҷ.Расулов сар задааст, ки марди 40-сола ҳамсари бародари худро ба қатл расонидаат.
Ба иттилои манбаъ, ахиран марди 37-солаи сокини деҳаи Ӯзбекқишлоқи ноҳияи Ҷ.Расулов дар ҳолати мастӣ дар хонаи истиқоматиашон бо ҳамсари бародараш, зани 40-сола ҷангу ҷанҷол намуда, бо корд 2 маротиба ба қисмати гарданаш задааст.
“Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан дар роҳ ба ҳалокат расидааст”, - зикр кардааст манбаъ.
Гуфта шудааст, ки дар ҳоли ҳозир аз рӯи ин ҳодисаҳо парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.