ДУШАНБЕ, 8 сен — Sputnik. Дафтари матбуоти вазораи корҳои дохила иттилоъ додааст, ки садамаи маргбор дар шоҳроҳи “Душанбе-Хуҷанд-Чанноқ”, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Зарҳалоли шаҳри Истаравшан рух додааст.
Тибқи иттилои манбаъ, ахиран ронандаи автомашинаи боркаши тамғаи “Мерседес-Бенс-Атеко”, таҳти идораи сокини ноҳияи А.Ҷомӣ, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Душанбе-Хуҷанд-Чанноқ”, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Зарҳалоли шаҳри Истаравшан, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи “Опел-Вектра”, сокини деҳаи Зарнисори ш.Истравшан бархӯрдааст.
ВКД хабар додааст, ки дар натиҷа, мусофири дохили автомашинаи тамғаи “Опел-Вектра”, ки сокини шаҳри Истаравшан будааст ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
“Худи ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Вектра”, ва дигар мусофиронаш, зани соли таваллудаш 1964 ва ҷавондухтари соли таввалудаш 1996, истиқоматкунандагони ноҳияи Шаҳристон, ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд”, - қайд кардааст манбаъ.
Дар ҳоли ҳозир, кормандони милитсияи кишвар аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқотро идома доранд.