ДУШАНБЕ, 8 сен — Sputnik. Дар Панҷшер фоҷиаи башарӣ рух медиҳад. Дар ин бора хабарнигорони афғон хабар медиҳанд.
Ба гуфтаи онҳо, вазъ дар ин вилоят бо ворид шудани ҷангиёни Толибон* бадтар шуд.
"Онҳо барои нест кардани ҳар гуна ҳаракат аз воситаҳои пешрафтаи низомӣ истифода мекунанд. Занҳо, кӯдакон ва пиронсолон дар кӯҳҳо ва водиҳо паноҳ бурдаанд. Гуруснагӣ ва хунукӣ ҳаёти ҳазорон нафарро таҳдид мекунад", - навиштааст намояндаи ВАО дар шабакаҳои иҷтимоӣ.
Рӯзноманигорон иддао доранд, ки идораҳои давлатӣ, беморхонаҳо ва мағозаҳо дар роҳи асосӣ таҳти назорати ҷангиён қарор доранд.
Дар ҳар як ноҳияи вилоят шумораи зиёди ҷангҷӯён мавҷуданд. Онҳо аллакай ба кофтукоби манзили сокинони маҳаллӣ шурӯъ кардаанд.
Дар ҳамин ҳол, сухангӯи Толибон* Муҳаммад Наим гуфт, ки бесарусомонӣ қатъ карда шуда, амният дар Панҷшер барқарор карда шудааст.
"Мо саъй дорем, ки мардумро ба бозгашт ба хонаҳояшон омода созем! Зиёда аз 400 муҷоҳид дар минтақаҳои мухталифи Панҷшер мустақар шудаанд, то амният таъмин шавад", - гуфт ӯ.
Наим инчунин исми губернатори нави вилоятро гуфт, ки ӯ Мавлавӣ Қудратуллоҳи Панҷшерӣ будааст.
Ёдовар мешавем, ки то ба наздикӣ Панҷшер ягона вилояти ҷумҳурӣ боқӣ монд, ки аз ҷониби ҷангиён назорат намешуд.
Дар ин ҷо артиши Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон бо роҳбарии Аҳмад Масъуди хурдӣ ҷамъ омаданд ва мегӯянд муборизаро то ба охир барои озодии Афғонистон идома медиҳанд.
* - як созмони террористӣ, ки дар Русия ва Тоҷикистон мамнӯъ аст