ДУШАНБЕ, 7 сен - Sputnik. Аз 115 ҳазор нафаре, ки ВУД дар мавриди манъи вурудашон қарор қабул кардааст, нисбати 40 ҳазор нафар барои такрори ҳуқуқвайронкунӣ чунин қарор татбиқ гардидаст, хабар дод РИА Новости.
Манбаъ афзуд, ки қарори манъи вуруди 115 ҳазор нафар тайи моҳҳои январ - июли соли равон қабул шудаанд.
Таъкид шудааст, ки нисбати 20 ҳазор нафар барои ҳузури беш аз муҳлати муқарраршуда дар Русия қарори манъи вуруд татбиқ гардидааст.
Инчунин зикр шудааст, ки муроҷиатҳо барои лағви қарори манъи вурудро мунтазам баррасӣ мекунанд. Дар чунин ҳолатҳо кормандон ба сабабҳое диққат медиҳанд, ки боиси қабули қарор дар бораи манъи вуруд гардидаанд.
Инчунин таъкид шудааст, ки таҳдидҳои бархоста аз шахси алоҳида барои арзишҳои конститутсионӣ низ ба назар гирифта мешаванд. Инчунин ба далоили башарӣ низ метавонанд, қарорҳои манъи вуруд лағв карда шаванд.
Иттилоъ дода шудааст, ки тайи 7 моҳи соли равон Вазорати умури хориҷии Русия 400 қарор дар бораи манъи вурудро бекор кард.