Ҳушдор: ба Тоҷикистон тӯфони чанг ҳуҷум мекунад

Ҳавошиносони тоҷик аз ҳуҷуми тӯфони чанг ба Тоҷикистон хабар медиҳанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 7 сен - Sputnik. Чанд рӯз паи ҳам ба Тоҷикистон тӯфони чанг ҳуҷум мекунад, хабар медиҳад хадамоти матбуотии Ожонси ҳавошиносии кишвар.
Интизор меравад, ки аллакай қисмати дуюми рӯзи 9 сентябр дар шимолу ҷануби вилояти Хатлон бод вазида чангу ғубор ба мал меояд.
Наздики рӯзҳои истироҳат 10-11 сентябр дар шаҳрҳои Бохтар, Кӯлоб, Норак ва ҳамчунин ноҳияҳои Данғара, Ёвон, Восеъ, Панҷ, Фархор, Дӯстӣ ҳаво номусоид мешавад.
Чангу ғубор, ки аз тарафи ҷанубу ғарб ба кишвар ворид мешавад, ба ноҳияҳои тобеи марказ ва шаҳрҳо низ ҳуҷум мекунад.
Ҷашни бомазза дар Душанбе: аксҳои диданӣ
Дар Душанбе, Ваҳдат, Ҳисор, Турсунзода ноҳияи Рӯдакӣ низ ҳаво ғуборолуд мешавад.
Ҳавошиносон ҳушдор медиҳанд, ки дар ин рӯзҳо мардум бояд худро эҳтиёт кунанд ва тавсия медиҳад, ки сайёҳату сайру гаштро дар ин рӯзҳо кам кунанд.
Ҳамчунин онҳое, ки дар сохтмон ва заминҳо кор мекунанд, бояд эҳтиёткор бошанд.
Қайд мешавад, ки чунин ҳаво ба саломатии инсон зарар дорад.
Махсусан ба саломатии кӯдакон, пиронсолон, занони ҳомила ва онҳое, ки аз бемориҳои роҳи нафас танқисӣ мекашанду маризии қалб онҳоро азият медиҳад.