Толибон* дар мактабҳои олии Афғонистон қоидаҳои нави сангин муқаррар кард.
Акнун донишҷӯдухтарон бояд ба муассисаҳои таълимӣ бо ниқоб ҳозир шаванд. Бо вуҷуди ин, аксари олимони мусулмон мегӯянд, пӯшонидани рӯй дар ислом ҳатмӣ нест.
Мувофиқи қонунҳои нав, муаллимон бояд аз ҳисоби занон ё мардони "обрӯманд" бошанд.
Дар донишгоҳҳо таълимоти алоҳида пайдо шуд. Духтарон ва писарон бояд дар синфҳои алоҳида ё дар як синфу бо парда ҷудокарда таҳсил намоянд.
Ҳамчунин, занон бояд панҷ дақиқа пештар дарсҳоро тарк кунанд, то ҳангоми тарк кардани донишгоҳ бо мардон мулоқот накунанд.