ДУШАНБЕ, 7 сен - Sputnik. Вайрон кардани ҳуқуқи занон аз ҷониби Толибон* дар Афғонистон қобили қабул нест. Дар ин бора, раиси Шӯрои Федератсияи Русия Валентина Матвиенко зимни Конфронси ҷаҳонии раисони парлумонҳо дар Вена гуфт.
Вакили парлумон қайд кард, ки ҳар як кишвар анъана, урфу одот ва таърихи худро дорад. Аммо, ҳеҷ як давлат наметавонад арзишҳои умумиинсониро сарфи назар кунад.
"Чӣ гуна онҳо (Толибон. - шарщ аз идора) бо занон муносибат хоҳанд кард - мо инро бо рощи худ пайгирӣ мекунем", - таъкид кард Матвиенко.
Раиси Шӯрои Федератсия табъиз ва маҳдуд кардани ҳуқуқи занони афғон, инчунин эҷоди қонунҳои "ваҳшиёна" -ро ҷоиз медонад.
"Вақте, ки духтарони 12 -соларо хонадор мекунанд. Ин комилан қобили қабул нест", - гуфт Матвиенко.
Пештар хабар дода шуд, ки Толибон* занонро, ки дар тазоҳуроти зидди Покистон дар Кобул ширкат доштанд, латукӯб карданд. Баъдтар ҷангҷӯён ба сӯи издиҳом оташ кушоданд ва ба боздошти эътирозгарон даромаданд.
Ёдрас мешавем, ки вазъият дар Афғонистон моҳи июн дар пайи хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ шиддат гирифт. Дар миёнаҳои моҳи август ҷангҷӯёни Толибон* Кобулро забт карданд ва қасри президентро иҳота намуданд.
Пас аз ин дар Афғонистон ҳукумати давраи гузариш таъсис ёфт, ки ба он вазири собиқи умури дохилӣ Аҳмад Ҷалолӣ раҳбарӣ мекард.
Ашраф Ғанӣ ҷумҳуриро тарк кард.
Феълан Панҷшер, дар шимолу шарқи Кобул, ягона вилоятест, ки берун аз назорати Толибон* аст.
* - ташкилоти террористӣ, фаъолияташ дар Русия, Тоҷикистон ва дигар кишварҳо мамнӯъ аст.