ДУШАНБЕ, 7 сен – Sputnik. Маркази тиббии Оғохон дар шаҳри Хоруғ баъди ифтитоҳи намояндагияш дар ноҳияи Рӯшон, филиали ҷадидашро дар ноҳияи Дарвоз фаъол кардааст
Тибқи иттилои Маркази тиббии Оқохон, дар Дарвоз мутахассисони маҳаллӣ тариқи озмун ҷалб карда шуда, ба аҳолӣ хизмат хоҳанд расонд.
Манбаъ афзуд, дар маросими ифтитоҳ роҳбари Хадамоти Оқохон дар умури тандурустӣ дар Тоҷикистон, Маҳбат Баҳронов, раиси ноҳияи Дарвоз, Абдураҳмонзода Саидбурҳон ва табибону сокинони ноҳия иштирок доштанд.
"Маркази тиббӣ дорои дорухона, утоқи ташхис ва сабти кори дил, утоқи ташхиси ултрасадо, лаборатория ва утоқи тибби оилавӣ мебошад. Бо назардошти талаботи сокинон ва мавқеи ҷойгиршавии ин ноҳия ба ин марказ аллакай аз рузи аввал теъдоди зиёди мардум барои ташхис ва муоина ташриф меоваранд", - омадааст дар иттилоия.
Хадамоти Оқохон дар умури тандурустӣ дар Тоҷикистон барои беҳдошти хизматрасонӣ ва беҳбуди саломатии аҳолӣ, баланд бардоштани маърифати беҳдошт фаъолият дорад.
Мақсад аз ташкили Маркази тиббии Оқохон табдили он ба марказ бо дараҷаи шинохти сатҳи байналмиллалӣ арзёбӣ мегардад.