ДУШАНБЕ, 6 сен - Sputnik. Сафорати Афғонистон хабар дар бораи ҳузури Амруллоҳ Солеҳ дар Тоҷикистонро бепоя хонд, хабар медиҳад ТАСС бо истинод ба департаменти дипломатӣ.
Ба иттилои сафорат, маълумоти дар матбуот нашршуда, ки собиқ ноиби президенти Афғонистон Амруллоҳ Солеҳ ба Тоҷикистон омадааст, нодуруст аст.
"Маълумот дар бораи расидани ноиби президенти пешини Афғонистон Амруллоҳ Солеҳ ба Тоҷикистон беэътимод аст", - гуфт як масъули сафорат.
Бино ба маълумоти мавҷуда, феълан алоқаи мобилӣ ва интернет дар дараи Панҷшер қатъ аст ва макони дақиқи сиёсатмадор маълум нест.
Ёдовар мешавем, пештар дар бораи парвози Солеҳ ба Тоҷикистон хабар дода шуд.
Мақомоти расмии Душанбе то ҳол дар ин бора изҳори назар накардаанд.
Дар ҳамин ҳол, намояндагии дипломатии Афғонистон дар Душанбе, ки дар даврони президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ ваколатдор шуда буд, корро дар пойтахти ҷумҳурӣ идома медиҳад.
* - ташкилоти террористӣ, ки фаъолияташ дар Русия, Тоҷикистон ва дигар кишварҳо мамнӯъ аст.