Аввал кушту баъд ба дор овехт: мард дар пайи рашк ҳамсарашро буғӣ кард

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як сокини шаҳри Панҷакент хабар медиҳад, ки дар куштори ҳамсараш муттаҳам мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 6 сен – Sputnik. Пулис марди 28-солаи сокини ҷамоати деҳоти Саразми шаҳри Панҷакент, ки пеш бо қисми 1 моддаи 255 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони содир намудани ҷинояти одамкушӣ дастгир кардааст, хабар медиҳад котиботи Вазорати корҳои дохила .
Ба иттилои манбаъ, боздоштшуда дар хонаи истиқоматиаш бинобар сабаби рашк бо ҳамсараш, ҷавонзани 22-солаи сокини ҳамон ҷо муноқиша карда, бо истифода аз рӯймоли занона гулӯи охиронро бӯғӣ карда, ба ҳалокат расонидааст.
Ҳодиса се рӯз қабл, 3-юми сентябри соли ҷорӣ, тахминан соати 18:00 рух медиҳад.
"Гумонбаршаванда бо мақсади рӯйпӯш намудани ҷинояти содиркардааш ҷасади ҳамсарашро бо арғамчин дар болои оғилхонаи ҳавлии истиқоматиаш ба дор овехта, ҳолати мазкурро ҳамчун худкушӣ вонамуд карда, оид ба ин ҳодиса волидайн ва дигар шахсонро хабардор кардааст", - афзудааст манба.
Гуфта мешавад, дар робита ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ бо қисми 1 моддаи 104 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Бар асоси ин банди қонун агар гуноҳи боздоштшуда собит шавад, ӯро аз 15 то 25 сол ҳабс интизор.