Коронавирус дар Тоҷикистон: омори нави Вазорати тандурустӣ

Дар Тоҷикистон тамоюли мусбат дар омори коронавирус идома дошта, коҳишёбии ҳаррӯзаи ҳолатҳои нави COVID-19 идома дорад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 6 сен - Sputnik. Давоми 24 соати гузашта дар Тоҷикистон 21 ҳолати нави сирояти коронавирус ба қайд гирифта шудааст. Дар ин бора маълумоти омори навшудаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ шаҳодат медиҳад.
Шумораи одамоне, ки дар давоми як рӯзи охир дар кишвар аз COVID-19 шифо ёфтанд, 20 нафар гуфта мешавад.
Ҳамзамон шабонарӯзи гузашта ягон ҳолати марг аз коронавирус ба қайд гирифта нашудааст. Дар маҷмӯъ, 124 бемор аз ин вирус фавтидаанд.
Коронавирус дар Тоҷикистон: омори моҳи август
Аз оғози пандемия дар Тоҷикистон, 16 984 нафар мубталои коронавирус шуда, аз он16 849 нафар шифо ёфтаанд.
Ёдовар мешавем, ки мавҷи дуввуми коронавирус дар ҷумҳурӣ аз охири моҳи июн идома дорад. Аммо, моҳи август, афзоиши сироятёфтагон майли коҳишёбӣ дорад.
Дар ин бора вазири тандурустии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода низ изҳор дошт. Ба гуфтаи ӯ, кишвар мавҷи дуввуми COVID-19-ро дилпурона паси сар карда истодааст.
Ҳоло дар Тоҷикистон барои пешгирӣ аз ин беморӣ ваксинаҳои CoronaVac (Чин), AstraZeneca (Аврупо) ва Moderna (ИМА) - ро ройгон гирифт.