ДУШАНБЕ, 6 сен - Sputnik. Рӯзи душанбе дар Тирмиз, маркази таълимии афғонҳо дарсҳоро дубора оғоз кард ва аввалин 35 донишҷӯ ба таҳсил баргаштанд.
Дар ин бора директори марказ Ойбек Рӯзиев ба хабаргузории РИА Новости хабар дод.
"Имрӯз мо дарсҳоро аз сар гирифтем. 35 донишҷӯи аввал, аз ҷумла духтарон, пас аз таътил аз Афғонистон баргаштанд, инҳо донишҷӯёни курси сеюм ва чаҳоруманд",-гуфт Рузиев.
Ба гуфти ӯ, интизор меравад, ки донишҷӯёни боқимондаи донишгоҳ рӯзҳои наздик баргарданд. Директори марказ қайд кард, ки ба донишҷӯён барои чор соли таҳсил мултивиза дода мешавад, аз ин рӯ дар убури сарҳад ҳеҷ мушкиле пеш намеояд.
Ба гуфти манбаъ, имсол ба далели вазъи Афғонистон қабули гурӯҳи нави донишҷӯён сурат нагирифтааст.
Қайд мешавад, ки таҳсилот аз рӯи ду бахш - муаллими забон ва адабиёти забони ӯзбекӣ ва роҳсозӣ роҳандозӣ мешавад. Таҳсилот дар шакли рӯзона сурат мегирад. Гурӯҳҳо бо дархости ҷониби афғонистон ташкил мешаванд. Маблағи таҳсил дар асоси баробарӣ пӯшонида мешавад.
Маркази таълимӣ моҳи январи соли 2018 ба кор оғоз кард. Тибқи шартномаи ҷониби афғонистон ва Ӯзбекистон марказ аз рӯи барномаи таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ омода мекунад.
Илова бар ин, дар ин ҷо мутахассисон дар самтҳои гуманитарӣ, педагогӣ, муҳандисӣ ва техникӣ бозомӯзӣ ва такмили ихтисос мегузаранд. Дар соли таҳсили гузашта дар ин марказ 186 донишҷӯи афғон таҳсил карданд, ки 36 нафари онҳо духтарон буданд.
Қаблан намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон Юсуф Кобулҷонов гуфта буд, ки Толибон* итминон додаанд, ки забони узбекӣ яке аз забонҳои расмӣ дар Афғонистон боқӣ мемонад ва омӯзиши он дар мактабҳо идома хоҳад ёфт.
* - ҷунбиши радикалӣ, ки фаъолияташ дар Русия, Тоҷикистон ва як қатор кишварҳои дигар мамнӯъ аст