Шералӣ Кабир: Тоҷикистон дар миёни кишварҳои ИДМ зинаи баландтаринро касб кард

Шералӣ Кабир вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон таъкид доштааст, ки ҷумҳурӣ миёни кишварҳои ИДМ дар моҳи январ - июни соли равон аз ҷиҳати афзоиши суръати истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ,зинаи баландтаринро соҳиб шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5 сент – Sputnik. Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон дар гуфтугӯ бо рӯзномаи “Ҷумҳурият” қайд кардааст, ки ҷумҳурӣ дар байни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар моҳи январ - июни соли равон аз ҷиҳати афзоиши суръати истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, ки 21,5 дарсадро ташкил дод, зинаи баландтаринро соҳиб шуд.
вай афзудааст, ки дар ин раддабандӣ баъд аз Тоҷикистон, Молдова ва Беларус бо 11,9 - 11,1 дарсад ва Узбекистон бо 8,2 дарсад қарор доранд.
Ба гуфтаи вазир, дар шашмоҳаи аввали соли равон истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 16,6 миллиард сомонӣ расонда шуд, ки суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 123,4 дарсадро ташкил дода, ба маблағи 3,6 миллиард сомонӣ зиёд мебошад.
“Аз ҷониби корхонаҳои соҳа ба хориҷи кишвар ба андозаи 1,2 миллиард доллари ИМА маҳсулот содирот шуд. Корхонаҳои соҳаи саноати маъдан ба миқдори 5,5 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд. Дар давраи сипаригашта 157 корхонаи саноатӣ мавриди истифода қарор гирифта, дар онҳо 1366 кас соҳиби ҷойи кор шуд”, - зикр намудааст вазир.
Дар ҳамин ҳол, вазир қайд кардааст, ки ҳоло дар самти таъмини аҳолӣ бо равғану шакар мушкилӣ дорем.
Шералӣ Кабир сабаби кор накардани сад корхонаи Тоҷикистонро гуфт
“Дар ҷумҳурӣ солона ҳамагӣ 12 ҳазор тонна равған истеҳсол мешавад, ки 10 дарсади талаботро ташкил медиҳад. Талаботи солонаи аҳолӣ ба равғани рустанӣ 147 ҳазор тонна аст”, қайд кард шералӣ Кабир.
Вазири саноат иброз доштааст, ки дар ҷумҳурӣ мушкилии асосӣ надоштани ашёи хом аст ва бо сабаби камии заминҳои корам, ин имконро надорем.
Ҳоло ба гуфтаи ҷаноби вазир, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноати хӯрокворӣ дар қиёс ба шашмоҳаи аввали соли сипаришуда зиёд буда, ба се миллиард сомонӣ расид.