Баррасии ҳифзу ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Тотористон

Консули Тоҷикистон дар Уфа ва намояндагии вазорати меҳнат дар Русия дар масъалаи муҳоҷират ва мушкилоти моҳоҷирони кории тоҷик дар Ҷумҳурии Тотористон бо муовини сардори Сарраёсати кор бо муҳоҷирони ВКД гуфтугӯ карданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5 сен — Sputnik. Бино бар иттилои намояндаг Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия оид ба муҳоҷират мавзӯъи калидии гуфтугӯ ин вазъи муҳоҷирони меҳнатӣ дар Тотористон будааст.
Гуфта шудааст, ки ахиран Консули генералии Тоҷикистон дар шаҳри Уфаи Русия ҳамроҳ бо масъули Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия бо муовини сардори Сарраёсати кор бо муҳоҷирони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тотористон Амонов Рустам мулоқот намуданд.
Музди ночиз: чаро созишномаи Тоҷикистону Қатар дар бахши муҳоҷират амалӣ намешавад
Зимни мулоқот ҷонибҳо аз ҳамкориҳои мутақобилан судманд, изҳори қаноатмандӣ намуданд.
таъкид шудааст, ки дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои муштараки ҳамкориро дар соҳаҳои гуногун, махсусан ҳифзу ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ, расмикунонии будубош ва дарёфти иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ, тартиби барасмиятдарории фаъолияти меҳнатӣ, интиқолаи қувваи корӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои муҳоҷирони меҳнатиро баррасӣ намуданд.
Бояд гуфт, ки тибқи иттилои мақомоти Русия дар қаламрави ин кишвар беш аз 1 миллион муҳоҷири меҳнатӣ аз Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунад. Ҳамасола муҳоҷирони меҳнатӣ пеш аз пандемияи коронавирус ба Тоҷикистон то 3 миллиард доллар пул интиқол медоданд.