ДУШАНБЕ, 5 сен – Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, бӯҳронҳо ва офатҳои табиӣ ва Департаменти фарҳанг ва сайёҳии Абу -Даби бекор кардани карантини ҳатмӣ барои меҳмонон аз як қатор кишварҳоро эълон карданд.
Тибқи изҳороти ниҳодҳо, аз 5 сентябр хориҷиёне, ки бо ваксинаҳои аз ҷониби ТУТ сабтшуда эм карда шудаанд, метавонанд бидуни карантини ҳатмӣ ба кишвар ворид шаванд.
Инчунин, бидуни қарантинаи ҳатмӣ, шаҳрвандони кишварҳо аз минтақаи "сабз" метавонанд аз ин кишвар боздид кунанд.
Тоҷикистон дар баробари Туркманистон ва Қирғизистон ба рӯйхати давлатҳои минтақаи "сабз" шомил аст, ки сатҳи паҳншавии онҳо паст аст.
Пас аз санҷиши тест дар фурудгоҳ, меҳмонон метавонанд корти "сабз" -ро фаъол созанд, ки ба онҳо имкон медиҳад аз ҳама ҷойҳои ҷамъиятӣ ва маконҳои сайёҳии АМА боздид кунанд.
Ҳамагӣ 55 кишвар дар рӯйхати сабзи аморатҳо ҳастанд.