ДУШАНБЕ, 4 сен – Sputnik. Толибон* барои пароканда кардани ҳамоиши занон дар Кобул, ки аз ҳукуматдорони нав риояи ҳуқуқу озодиҳояшонро талаб карданд, аз зӯрӣ истифода кардаанд. Барои пароканда кардани занон, ҷангиёни Толибон* ба ҳаво тир холӣ карда, яке аз занони фаъол, Наргис Содатро мавриди латукӯб қарор додаанд, навиштааст РИА Новости.
Ҳамоиши эътирозии занон барои талаби ҳуқуқ ба таҳсилу кор сурат гирифтааст. Бархе аз занони фаъол ва рӯзноманигоре, ки ин ҳолатро инъикос мекард, латукӯб шудааст, хабар доданд иштирокдорону шоҳидон дар шабакаҳои иҷтимоӣ.
Тайи ду рӯзи гузашта низ дар шаҳрҳои Ҳироту Кобули Афғонистон ду гирдиҳамоии эътирозӣ алайҳи сиёсатҳои “Толибон” дар баробари занон баргузор шуд.
Занон бо шиорҳое, назири “Ҷомиае, ки зан фаъол нест, мурдааст”, “Мо ҳама бо ҳам ҳастем, зулму ситам шикастем”, “Маориф, озодӣ, кор ба ҳар зан!”, “Озодӣ шиори мост, он моро ифтихор мебахшад”, гирдиҳамоӣ карданд.
Дар ҳамин ҳол Ҷабҳаи муқовимат бо нашри як изҳорот аз эътирози занон дар Кобулу Ҳирот ҳимоят карда, афзудааст, ки талабу ҳуқуқу озодиҳои зан аз ҷумлаи арзишҳоест, ки имрӯз нерӯҳои муқовимат барои он истод шудаанд.
* - созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар