Қарори Рустами Эмомалӣ барои кумак ба ниёзмандон дар арафаи 30-юмин солгарди Истиқлол

Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе, бо имзои як қарор дастур додааст, ки барои қишри ниёзманд дар пойтахт кумакпулӣ ироа гардад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 4 сен – Sputnik. Шаҳрдори Душанбе қарор кардааст, ки ба ятимону маъюбон, оилаҳои камбизоат, шахсони ниёзманд бахшида ба 30-юмин солгарди Истиқлол кумакпулӣ дастрас карда шавад.
Дар феҳрасти онҳое, ки аз кумакпулӣ бархӯрдор мешаванд, иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, шахсони ба онҳо баробаркардашуда, ятимону бепарасторон зикр гардидаанд.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти шаҳрдорӣ, бо дастури Рустами Эмомалӣ раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе вазифадор гардиданд, ки дар арафаи таҷлили ҷашни 30-юмин солагарди Истиклоли давлатии Тоҷикистон ин кумакҳоро расонанд.
Шамсулло Соҳибов як миллиони ваъдагияшро ба варзишгарон дод: киҳо гирифтанд - акс
Дар мавриди ҳаҷми кумакпулӣ иттилое дода нашудаст, танҳо зикр гардидааст, ки он бояд аз кадом манобеъ таъмин карда шавад
Роҳбарон муваззаф шудаанд, аз ҳисоби сарпарастон, фондҳои хайрия ва дигар сарчашмаҳои маблаггӯзорӣ, дар доираи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ барои расонидани кумаки моддӣ ба тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳо ва шахсони яккаву танҳо тадбирҳо андешанд.
Ин дар ҳолест, ки ҳамасола дар арафаи ҷашну маросимҳо ба аз мақомдорону афроди доро даъват карда мешавад, ки дар доираи имкониятҳо ба қишрҳои ниёзманд кумак расонанд.