ДУШАНБЕ, 3 сент – Sputnik. Мулло Абдулғанӣ Бародар, раҳбари бюрои сиёсии ҷунбиши Толибон (мамнӯъ дар Федератсияи Русия ва Тоҷикистон), раҳбарии ҳукумати нави Афғонистонро бар ӯҳда хоҳад дошт, хабар медиҳад, Sputnik Афғонистон.
Ба гуфтаи онҳо, ба ҳукумати нав Мулло Яъқуб (писари нахустин раҳбари Толибон* Мулло Умар) ва Шермуҳаммад Аббос Станикзай низ шомил хоҳанд шуд.
Иномулло Саманганӣ, узви Кумиссиюни фарҳанги Толибон*, рӯзи чаҳоршанбе гуфт, ки ҳукумати Афғонистонро раҳбари ин ҷунбиш Мулло Ҳайбатуллоҳ Охундзода раҳбарӣ карда метавонад.
Хома пресс хабар медиҳад, ки Мулло Яъқуб вазорати дифоъро ба ӯҳда гирифтааст ва Халифа Ҳаққонӣ (писари яке аз раҳбарони Толибон* Ҷалолиддин Ҳаққонӣ) вазири умури дохила таъин шудааст.
Интизор меравад, ки Толибон* ҳайати кобинаи худро имрӯз, 3 сентябр расман эълон кунанд.
Толибон пас аз эълони Иёлоти Муттаҳида аз хуруҷи нерӯҳояш дар баҳори имсол барои ба даст овардани назорати Афғонистон амалиёти густардаеро оғоз карданд.
15 август президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ истеъфо дод ва кишварро тарк кард ва Толибон* бидуни ҷанг вориди Кобул шуданд.
Нерӯҳои амрикоӣ шаби сешанбе Афғонистонро комилан тарк карданд ва ба ҳузури 20-солаи ин кишвар хотима доданд.